Таҳлили иқтисодии низомҳои обёриҳои қатраӣ ва ҷӯякӣ ҳангоми бунёди боғ

Душанбе - 2026
Маълумоти умумӣ дар бораи обёриҳои қатраӣ ва ҷӯякӣ
Обёрии қатраӣ: таъриф
Обёрии қатраӣ - низоми муассирест, ки обро мустақиман ба минтақаи решаи растанӣ мерасонад ва
миқдори зарурии обро дар вақти лозима таъмин мекунад. Ҳар як растанӣ дақиқан ҳамон миқдори обро мегирад, ки барои рушд зарур аст.

Расми 1. Нақшаи намунавии низоми обёрии қатраӣ
Мушкилоти низоми обёрии қатраӣ:
- Барои идоракунии обёрӣ ва захираҳои об малакаҳои баланд лозиманд. Барои истифодаи
- дурусти он дониш ва ихтисоси махсус зарур аст. Ин усул барои аксари деҳқонони Тоҷикистон нав мебошад.
- Хароҷоти баланди сармоягузории ибтидоӣ. Барои харид, интиқол ва насби мавод сармоягузории аввалия зарур аст.
- Аксари деҳқонон имкони харидории таҷҳизоти обёрии қатраиро надоранд.
- Зарурати хароҷоти мунтазам барои иваз намудани таҷҳизоти обёрии қатраӣ.
- Қатрачакҳо (эмиттер, капельница) метавонанд пур ва вайрон шаванд.
- Мунтазам барои харидани қисмҳои эҳтиётӣ маблағ лозим мешавад.
Обёрии ҷӯякӣ: таъриф
Обёрии ҷӯякӣ аз сохтани ҷӯякҳои на он қадар чуқур байни қаторҳои зироатҳо иборат аст.
Об аз тариқи ин ҷӯякҳо ҷорӣ шуда, хокро намнок намуда, ба решаи растаниҳо мерасад.
Обёрии ҷӯякӣ якеаз усулҳои қадимтариниобёрии киштзорҳо мебошад, ки онро, ҳамчунин, обёрии рӯизаминӣ меноманд.
Дар ин усулоб аз тариқиҷӯякҳои хурд дарбайни зироатҳо ҷорӣмешавад.

Расми 2. Низоми обёрии ҷӯякӣ.
Мушкилоти обёрии ҷӯякӣ:
Камбудиҳои асосииобёрииҷӯякӣ: талафотизиёд ва истифодаи ғайрисамараноки обиобёрӣ, пайдоишифарсоиш (эрозия)-ихок,
намнокиинобаробариқитъаиобёришавандавапастбуданимаҳсулнокиимеҳнатҳангомиобёрӣ.
- Тақсимоти нобаробар: обметавонаднобаробартақсимшавад, киинбоисиазҳадзиёдёнокифояобёрӣшуданибаъзеқитъаҳогардида, баҳосилнокӣтаъсириманфӣмерасонад.
- Хатари эрозия: дар сурати идораи нодуруст ҷӯякҳо метавонанд вайрон ва шуста шаванд. Хусусан дар нишебӣ об метавонад хокро шуста барад.
- Меҳнатталаб: обёрии ҷӯякӣ қувваи зиёди кориро талаб мекунад. Ҷӯякҳо бояд ҳар дафъа нигоҳдорӣ ва назорат шаванд.
- Мушкилоти нигоҳ доштани ҷараёни собити об.
- Номувофиқатӣ барои заминҳои регдор. Заминҳои регдор баэрозияиобӣвабодӣ, инчунинбавурудиазҳадзиёдиобосебпазиранд.
- Истифодаи душвор дар минтақаҳои шамолхез.
- Боқӣ мондани об дар як ҷой метавонад ба баъзе зироатҳо зарар расонад.
Арзиши низоми обёрии қатраӣ:

Бартариҳои обёрии қатраӣ:
Дарсолҳоиохиртадқиқотизиёдедоир ба таъсириобёрииқатраӣба баланд гардидани ҳосилнокӣ аз ҷониби муҳаққиқони гуногун гузаронида шудааст.
Хулосаи ин тадқиқот он аст, ки боистифодаи дақиқи об, деҳқонон метавонанд ҳосилибештар ба дасторанд.
Дарҷадвализернишондодашудааст, кичӣгунакамбудиоббаҳосилнокӣ, сифатимевавасаломатиидарахтонтаъсирмерасонад.
Ҷадвали 1. Таъсири норасоии об ба боғ

Даршароитинорасоииоб, обёрии қатраӣ ба деҳқон имкон медиҳад, ки захираҳои мавҷудаи обро
муассиртар истифода барад ва бо ҳамон ҳаҷми об растаниҳоро аз ҳолати норасоии
мӯътадил ё шадидба таъминоти беҳтар гузаронад.
Набудани зарурат ба ҳамворкунии замин: низомҳои обёрии қатраӣ метавонанд дар ҳар гуна релйеф — заминҳои ноҳамвор, ҳамвор, токзорҳо,
нишебӣ, қитъаҳои шакли ғайримуқаррарӣ ё бо сохтори нобаробари хок истифода шаванд.
Ин низом нисбат ба дигар усулҳои обёрӣ мутобиқшаванда буда, имкон медиҳад, ки таъминоти об тибқи талаботи растанӣ танзим шавад.
Ҳамворкунии замин барои обёрии ҷӯякӣ яке аз омилҳои асосии хароҷот мебошад.
Ин низом метавонад дар қитъаҳо бо навъҳои гуногуни растаниҳо, ки ба об талаботи мухталиф доранд, истифода шавад.
Мутобиқатии ин низом имкон медиҳад, ки миқдори об барои ҳар як растанӣ ба таври инфиродӣ танзим шавад.
Қатрачакҳо метавонанд дорои суръати гуногуни ҷараён бошанд, то ҳар як растанӣ мувофиқи эҳтиёҷоти худ ҳаҷми дурусти обро гирад.
Бартариятҳои муҳитзистӣ: сарфаи об; коҳиши эрозияи хок; кам шудани шӯршавии хок; барқарорсозии муҳити зист.
Бартариятҳои иҷтимоӣ: сарфаи меҳнат; кам гардидани алафҳои бегона.
Сарфаи захираҳо: обёрии қатраӣ имкон медиҳад, ки об, нуриҳо ва сӯзишворӣ сарфа шаванд.
Таъмини растаниҳо бо нурӣ тавассути низоми обёрии қатраӣ усули дақиқ буда, имкон медиҳад, ки истифода аз нуриҳо зиёда аз 30–50% сарфа шавад.
Илова бар таъминоти дақиқи об, низоми обёрии қатраӣ имкон медиҳад, ки нуриҳо ва моддаҳои ғизоӣ тавассути ворид намудани онҳо ҳамроҳ бо оби обёрӣ мустақиман ба минтақаи решаи растаниҳо расонида шаванд.
Ин усули ҳадафманд самаранокии истифода аз моддаҳои ғизоиро баланд бардошта, итминон медиҳад, ки растаниҳо тамоми унсурҳои зарурии ғизоиро қабул кунанд, хуб рушд намоянд, ва аз талафоту ифлосшавии муҳити зист пешгирӣ кунанд.
Ҳамчунин, истифодаи усулҳои обёрии қатраӣ аз зиёд ворид намудани нуриҳо пешгирӣ мекунад, зеро имкони назорати дақиқи миқдори нуриҳои ба хок воридшаванда мавҷуд аст.
Хароҷоти обёрии ҷӯякӣ
Арзиши умумии обёрии ҷӯякӣ тақрибан чунин мебошад:
- 1080 доллари ИМА — сохтмон ва нигоҳдории канали асосӣ + 360 доллари ИМА — кашидани ҷӯякҳо + 720 доллари ИМА — ҳамворкунии замин = 2160 доллари ИМА бо дарназардошти ҳамворкунии замин.
- 1080 доллари ИМА — сохтмон ва нигоҳдории канали асосӣ + 360 доллари ИМА — кашидани ҷӯякҳо = 1440 доллари ИМА дар қитъаҳои ҳамвор бе ҳамворкунии замин.
Хароҷоти истифодабарӣ
Арзиши меҳнат барои обёрии замин чунин ҳисоб мешавад:
- 1 доллари ИМА × 4 соат × 3 маротиба дар як ҳафта = 12 доллари ИМА дар як ҳафта дар баҳор/тирамоҳ × 16 ҳафта = 192 доллари ИМА барои чор моҳ × 2 нафар = 384 доллари ИМА.
- 1 доллари ИМА × 5 соат × 3 маротиба дар як ҳафта = 15 доллари ИМА дар як ҳафта дар тобистон × 13 ҳафта = 195 доллари ИМА барои се моҳи тобистон × 2 нафар = 390 доллари ИМА.
Хароҷоти умумии солона чунин мешавад: 384 + 390 = 774 доллари ИМА дар як сол.
Хароҷоти муҳитзистӣ
Талафоти об. Ҳангоми обёрии ҷӯякӣ талафоти об нисбат ба усулҳои обёрии қатраӣ бештар мебошад. Талафот дар натиҷаи бухоршавӣ, ҷараёни рӯизаминӣ ва вуруди нобаробар ба вуҷуд меояд.
Одатан танҳо тақрибан 60% оби додашуда ба минтақаи решаи зироатҳо мерасад.

Расми 1. Тақсимоти намии хок дар шароити обёрии ҷӯякӣ ва қатраӣ.
Шӯршавии хок
Обёрииҷӯякӣметавонадбоисиҷамъшавиинамакҳодар хок гардад, хусусан дар минтақаҳои хушк ва нимхушк, ки сатҳи бухоршавӣ баланд аст.
Ин ҳолатазонсабабрухмедиҳад, киобибаҷӯякҳододашудабухоршуда, намакҳородархокбоқӣмегузорад.
Таҳлили иқтисодии низоми обёрии қатраӣ
Бо истифода аз маҷмӯи хароҷот ва манфиатҳо арзиши ҷории соф, таносуби манфиат ба хароҷот ва меъёри дохилии даромаднокӣ барои
ҳар як дарахти мевадиҳанда дар шароити обёрии қатраӣ ва ҷӯякӣ ҳисоб карда шуданд.

Нақшаи 1. Ҷараёни пул ҳангоми таъсиси боғи нав дар қитъаи дорои норасоии об.
Таҳлили манфиатнокии низоми обёрии қатраӣ, ки дар боғи навбунёд дар заминҳои дорои норасоии шадид ва мӯътадили об насб шудааст,
нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо обёрии ҷӯякӣ ба даст овардани фоида дар давоми ҳафт сол имконпазир аст.
Нақша нишон медиҳад, ки истифодаи низоми обёрии қатраӣ дар шароити норасоии шадиди обметавонад нисбат
ба боғҳои дорои норасоии мӯътадили об фоидаи бештар оварад (Нақшаи 2).

Нақшаи 2. Фоиданокии обёрии қатраӣ ҳангоми таъсиси боғи нав дар шароити норасоии мӯътадил ва шадиди об.
Таҳлили иқтисодии обёрии қатраӣ барои боғҳои навбунёд
Бароитаҳлилииқтисодиинизомҳоиобёрииҷӯякӣва қатраӣ дар боғҳои мавҷуда ҳамон сенарияҳо
истифода шуданд: обёрии қатраӣ дар шароити таъминоти кофии об, обёрии ҷӯякӣ дар шароити норасоии мӯътадили об ва обёрии ҷӯякӣ дар шароити норасоии шадиди об.
Дар шароити боғҳои мавҷуда сармоягузории ибтидоӣ танҳо барои насби низоми обёрии қатраӣ талаб мешавад.
Барои обёрииҷӯякӣсармоягузорииибтидоӣлозим нест.
Натиҷаҳо нишонмедиҳанд, Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми насб ва истифодаи низоми обёрии қатраӣ дар боғҳои мавҷуда
бозгашти сармоягузории ибтидоӣ метавонад аллакай дар соли аввал таъмин гардад ва даромад аз боғ сол ба сол афзоиш меёбад
(Нақшаи 3).
Ҳангоми обёрии ҷӯякӣ сармоягузории ибтидоӣ лозим нест, аммо богузашти вақт даромад нисбат ба истифодаи низоми обёрии қатраӣ хеле камтар хоҳад буд (Нақшаи 3).

Нақшаи 3. Муқоисаи обёрии қатраӣ ва ҷӯякӣ дар боғҳои дорои норасоии об.
Таҳлили манфиатнокӣ нишон медиҳад, ки фоида дар ҳар яке аз се сенария метавонад сол ба сол афзоиш ёбад, аммо ҳангоми истифодаи обёрии қатраӣ он ба таври назаррас бештар аст (Нақшаи 4).
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи норасоии об баъзе дарахтон метавонанд хушк шаванд ва ҳосил надиҳанд, ки ин ҳолат дар таҳлил ба назар гирифта нашудааст.
Дар чунин шароит ҳосилнокӣ ва манфиати иқтисодӣ ҳангоми обёрии ҷӯякӣ дар ҳолати норасоии шадиди об боз ҳам камтар мегардад.

Нақшаи 4. Фоидаоварии сармоягузорӣ ба обёрии қатраӣ дар қитъаи боғ бо норасоии мӯътадил ё шадиди об.
Паёмҳои калидӣ:
- Обёрии қатраӣ нисбат ба обёрии ҷӯякӣ 40-50% аз ҷиҳати хароҷот самараноктар аст;
- Обёрии қатраӣ нисбат ба обёри ҷӯякӣ шаш маротиба камтар меҳнат талаб мекунад;
- Обёрии қатраӣ ба истеҳсоли мева ду таъсири мусбат дорад: афзоиши ҳосил ва беҳтар шудани сифати мева, ки боиси болоравии арзиши маҳсулот мегардад.
- Дар шароити фишори мӯътадили об, фоидаи умумӣ метавонад бо гузаштан аз ҷӯякҳо ба обёрии қатраӣ 35-40% баландтар шавад ва дар шароити фишори шадиди об, афзоиши фоида метавонад ба 70-80% расад;
- Он барои боғҳо ва зироатҳои сабзавот самараноктар аст, зеро обро мустақиман ба решаҳои растанӣ мерасонад;
- Он барои зироатҳои бисёрсола, аз қабили алафҳои бисёрсола ва зироатҳои ғалладона, камтар мувофиқ аст.
- Барои боғҳои мавҷуда, ки бо фишори шадиди об рӯбарӯ ҳастанд, гузаштан ба обёрии қатраӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур аст.
- Ҳама хароҷот дар давоми 1-2 сол баргардонида мешаванд ва пас аз 5 сол фоидаи сармоягузорӣ аз 600% зиёд мешавад;
- Барои боғҳои навбунёд ва то расидан ба ҳосил, мӯҳлати баргардонидани маблағ дарозтар аст - тақрибан 5 сол;
- Дар ҳар ду ҳолат мӯҳлати баргардонидани маблағ тақрибан 7 сол аст;
- Дар шароити норасоии мӯътадили об, пас аз 10 сол фоидаи сармоягузорӣ аз 600% зиёд мешавад;
- Дар шароити норасоии шадиди об, бозгашти сармоягузорӣ аз 1000% зиёд аст.
8. Хулоса
Бино ба натиҷаҳои таҳқиқот, бартариҳои обёрии қатраӣ чунинанд: имкони сарфаҷӯии назаррас дар оби обёрӣ (то 35%), коҳиши шадиди бухоршавӣ,
тақрибан вуҷуд надоштани партовҳо ва бартараф намудани талафоти ғайриҳосилӣ дар раванди обёрӣ, расидан ба намнокии якхелаи замин, набудани эрозия ва шустани хок, имкони ворид кардани нуриҳо ба хок ва баланд кардани ҳосилнокии боғҳо.
Ҳамин тавр, қаторҳо хушк мемонанд, кори вазнин ва дастӣ ҳангоми обёрӣ аз байн меравад, шумораи корҳои байниқаторӣ кам мешавад, ягон ҷӯяк канда намешавад, ки ба таври назаррас захираҳои меҳнатиро кам мекунад.
Самаранокии иқтисодии обёрии қатрагӣ барои маҳсулот исбот шудааст, зеро натиҷаҳои таҳлили иқтисодӣ нишон доданд, ки обёрии қатрагӣ, гарчанде сармоягузориҳои
ибтидоияш баланд бошанд ҳам, дар дарозмуддат бештар самаранок буда, метавонад фоидаи бештар биёрад.
Бисёр бартариҳои дигари обёрии қатрагӣ дар таҳқиқот зикр нашудаанд.
Илова бар ин, обёрии қатрагӣ на танҳо ба деҳқонон дар кишти маҳсулот кӯмак мекунад, балки ба онҳо дар мутобиқшавӣ бо тағйири иқлим, таҳкими
тобоварӣ ва табдил додани минтақаҳои хушк ба боғҳои серҳосил кумак мерасонад.

Феҳристи таъмингарон ва тамосҳо барои низоми обкашҳои офтобӣ






