News
21 | 02.03.2026

Анализ соотношения затрат и выгод солнечных насосов по сравнению с дизельными и электрическими насосами в условиях Таджикистана.

ТАҲЛИЛИ ХАРОҶОТ ВА ФОИДАҲОИ НАСОСҲОИ ОФТОБӢ ДАР МУҚОИСА БО НАСОСҲОИ ДИЗЕЛӢ ВА БАРҚӢ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН





Душанбе - 2026


Ҳуҷҷати мазкур хароҷот ва фоидаҳо, ва бартарияту нуқсонҳои усулҳои гуногуни насоси обро таҳлил мекунад.

Интихоби 1. Обкаш (насос)-и дизелӣ

Бартарии насоси дизелӣ дар он аст, ки арзиши сармоягузории ибтидоии он нисбатан паст буда, инчунин хароҷот (ва расмиёти бюрократӣ) барои сохтмони хати интиқоли барқ ва трансформатор (дар ҳолати зарурӣ) талаб намешавад.

Камбудиҳои он бошанд, хароҷоти баланд ва пайвастаи сӯзишвории дизелӣ ва муҳлати кӯтоҳи хизмати насосҳои арзон, ҳамчунин, таъмирталабии онҳо мебошад.

Барои шароити қитъаи намунавии замин модели зерин бо муҳаррики иқтидораш 6hp (нерӯи асп, лошадиная сила) мувофиқ мебошад.

Он ба баландии 40 метр дар ҳаҷми 200л/дақиқа = 12 метри кубӣ/соат об медиҳад.

Аз ин рӯ, барои расидан ба ҳаҷми зарурӣ насос бояд дар моҳҳои тобистон панҷ соат ва дар моҳи май/сентябр се соат фаъолият намояд.


Ҳангоми ҳисоб омилҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:

Арзиш: 1200 доллари ИМА (бо назардошти таҷҳизоти ёрирасон).

Истеъмоли сӯзишвории дизелӣ: 2.2 л/с (мувофиқи варақаи техникии маълумот), 1.1доллар/литр

Хароҷоти хизматрасонӣ: 80 доллари ИМА/сол

Муҳлати хизмати насоси дизелӣ: 5 сол


Насос фаъолият менамояд: 5соатx90рӯз + 3соатx60рӯз = 630 соат/сол

Дар ин муддат он (90рӯз*60метри кубӣ + 60рӯз*36метри кубӣ) = 7560m3/сол об таъмин менамояд.


Дар соли аввал хароҷоти истифода чунин хоҳад буд: 630соат *2.2л/соат*1.1 доллар + 80 доллар = 1600 доллар.

Дар солҳои минбаъда хароҷоти истифода вобаста ба болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ зиёд мегардад ва ҳар панҷ сол як насоси нави дизелӣ бояд харидорӣ шавад.

Ҳамин тариқ, хароҷоти солона барои давраи 20-сола чунин ба назар мерасад:


Ҳангоми иловаи хароҷоти солона барои 20 сол, хароҷоти умумӣ (дар тӯли муҳлати истифода) аз 47000 доллар зиёд хоҳад шуд.

Ба нақшаи зер нигаред:

Интихоби 2. Обкаши офтобӣ


Тарзи кори насоси офтобӣ аз насоси дизелӣ ё барқӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Он вобаста ба миқдори нури офтоб бо суръати тағйирёбанда фаъолият менамояд, бинобар ин ҳамеша бо иқтидори пурра кор намекунад.

Субҳ насос ҳаҷми нисбатан ками об медиҳад, тақрибан нисфирӯзӣ ба ҳадди ниҳоии истеҳсол мерасад ва баъдан боз коҳиш меёбад.

Бо вуҷуди ин, дар давоми як рӯз насос ҳаҷми зарурии обро (ва ҳатто бештар) таъмин менамояд.

Азбаски давомнокии рӯз ва шароити обу ҳаво вобаста ба фасл тағйир меёбанд, истеҳсолнокии шабонарӯзӣ аз моҳ ба моҳ фарқ мекунад.

Моделсозии компютерӣ бо истифода аз маълумоти маҳаллии обу ҳаво имкон медиҳад, ки барои ҳар минтақаи Тоҷикистон нишондиҳандаҳои кори насос бо дақиқияти баланд пешгӯӣ шаванд.

Барои қитъаи намунавии мо бо баландии 40метр ва талаботи 36m3/рӯз дар моҳи май/сентябр ва 60m3/рӯз дар мавсими авҷ, насоси QD-10/40-4-2.2 (нигаред ба расми зер) мувофиқ мебошад.

Бо истифода аз панелҳои офтобии 3кВт, он аллакай 50m3/рӯз берун аз мавсим ва зиёда аз 65m3/рӯз дар тобистон об медиҳад.


Барои баъзе навъҳои зироатҳо хароҷоти иловагии насби захирагоҳи об (резервуар) зарур мешавад.

Азбаски офтоб «бо дархост» кор намекунад, таъмини об дар соатҳои 10:00-15:00 зиёдтарин буда, дар дигар вақтҳо ё ҳангоми ҳавои абрнок камтар мешавад.

Ҳарчанд аксари зироатҳо метавонанд дар ҳар вақти рӯз об гиранд, баъзеи дигар ба обёрӣ дар соатҳои мушаххас ё ҳатто шабона ниёз доранд.

Дар чунин ҳолат зарур аст, ки дар нуқтаи болоии лӯлаи интиқол захирагоҳи об сохта шавад, то деҳқонон ҳар вақте ба об эҳтиёҷ шавад, аз он истифода баранд.

Одатан, ҳаҷми чунин захира 50-80% аз ҳосилнокии шабонарӯзиро ташкил медиҳад.

Дар ҳисобҳои худ мо насби ихтиёрии захирагоҳи об бо ҳаҷми 40m3 (масалан, захирагоҳи бетонӣ 4.5x4.5x2m, сохтмони кушода)-ро ба назар мегирем.

Дар баъзе маҳалҳо деҳқонон метавонанд ҳавзи оддии ҷамъоварии обро бо истифода аз геомембрана/плёнкаи пластикӣ ҳамчун муҳофизат аз рафтани об созанд. Ин хеле арзонтар мебошад.


Ҳангоми ҳисоб омилҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:

Арзиши насос: 500 доллари ИМА (бо назардошти таҷҳизоти ёрирасон).

Арзиши панелҳои офтобии 3кВт, бо назардошти чаҳорчӯбаи насб ва ноқилҳо: 2500 доллари ИМА

Арзиши инвертори насос 2.2 кВт, бо назардошти ноқилҳо: 500 доллари ИМА

Ихтиёрӣ: Захирагоҳи об, сохтмони бетонӣ: 4000 доллари ИМА

Хароҷоти хизматрасонӣ: 30 доллари ИМА /сол

Муҳлати хизмат: Насос 5 сол, инвертор 10 сол, панелҳо 20 сол


Насос ба таври худкор фаъолият менамояд. Он субҳ ҳангоми кофӣ будани нури офтоб фаъол шуда, бегоҳ хомӯш мегардад.


Аз моҳи май то сентябр он 9300m3 об мекашад. Дар дигар фаслҳо иқтидори неруи офтобӣ метавонад дар назария барои мақсадҳои дигар истифода шавад ё бо назардошти талаботи ҳуқуқии зарурӣ дар Тоҷикистон ба шабакаи умумӣ бо гирифтани ҷубронпулӣ интиқол дода шавад. Дар ҳисобҳои мо чунин манфиатҳои эҳтимолии оянда ба назар гирифта намешаванд.


Насоси офтобӣ амалан хароҷоти ҷории истифода надорад, зеро нерӯи офтоб ройгон мебошад. Мо танҳо 30 доллар хароҷоти умумии хизматрасониро (масалан, барои иваз намудани подшипникҳои насос) ба назар мегирем. Бо вуҷуди ин, ҳар панҷ сол насос бояд иваз карда шавад ва ҳар 10 сол эҳтимол инвертори нав лозим гардад. Ҳамин тариқ, хароҷоти солона ва ҷамъшуда барои давраи 20-сола чунин ба назар мерасад:

Хароҷоти солонаи насоси офтобӣ [$]


Интихоби 3. Обкаши барқӣ

Ин интихоб ду камбудии асосӣ дорад. Аввалан, он, дар муқоиса бо насосҳои дизелӣ ва офтобӣ, сохтмони хати интиқоли барқро талаб мекунад.

Дуюм, шиддати барқ дар шабака аксаран ноустувор буда, ба муҳлати хизмати насосҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Арзиши истгоҳи обкашии барқӣ аз масофа то наздиктарин хати интиқоли барқ вобаста мебошад.

Агар он наздик бошад, обкашии барқӣ эҳтимолан арзонтарин ҳалли масъала бошад.

Дар ҳолати масофаи дур, арзиши сохтмони хати интиқоли барқ метавонад чандин маротиба аз хароҷоти худи истгоҳи насосӣ зиёд бошад.

Илова бар ин, ба бисёр истгоҳҳо трансформатори алоҳида лозим мегардад — ё бинобар талафоти зиёди интиқол, ё бо талаби ширкати таъминкунандаи барқ.

Азбаски хатҳои интиқоли барқ ба шабакаи умумӣ пайваст мешаванд, гирифтани иҷозатномаҳои расмӣ аз «Барқи Тоҷик» ё Pamir Energy ҳатмист.

Бояд ҳамаи меъёрҳои техникӣ риоя шаванд. Ин ҳолат на танҳо боиси хароҷоти баланд, балки боиси расмиёти мураккаби маъмурӣ низ мегардад.

Барои муқоисаи иқтисодии обкашии барқӣ нисбат ба насоси офтобӣ чор сенария баррасӣ мешаванд.

Ҳамаи онҳо барои қитъаи намунавии мо бо баландии амудии 40метр ва талаботи об 36-60m3/рӯз вобаста ба фасл пешбинӣ шудаанд.


Сенарияи 1: Таъминоти барқ аллакай мустақиман дар қитъа дастрас аст

Сенарияи 2: Таъминоти барқ дар масофаи 500м дастрас аст. Трансформатор лозим нест

Сенарияи 3: Таъминоти барқ дар масофаи 500м дастрас аст. Трансформатор лозим ҳаст

Сенарияи 4: Таъминоти барқ дар масофаи 1км дастрас аст. Трансформатор лозим ҳаст


Ҳамон насоси барқии QD-10/40-4-2.2, ки дар сенарияи насоси офтобӣ истифода шудааст, дар ин ҷо низ истифода мекунем.

Истеъмоли қувваи он 2.2 кВт буда, ба баландии 40м бо ҳаҷми 10m3/соат кор мекунад.

Бинобар ин, он дар давоми се моҳи тобистон шаш соат дар як рӯз ва дар моҳи май ва сентябр 4 соат/рӯз фаъолият хоҳад кард.

Дар як сол насос 1760 кВт дар соат неруи барқ истеъмол менамояд.

Ҳисобҳо ҳам барои тарофаи аҳолӣ ва ҳам барои тарофаи тиҷоратӣ анҷом дода мешаванд.

Тарофаи субсидияшуда барои истгоҳҳои калони обкашӣ дар ин ҷо баррасӣ намешавад, зеро он одатан барои хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дастрас нест.


Ҳангоми ҳисоб омилҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:


Арзиши насос: 500 доллари ИМА (бо назардошти таҷҳизоти ёрирасон).

Хат + таҷҳизоти муҳофизатӣ барои пайваст намудани насос мустақиман дар қитъа: 50 доллари ИМА

Хати интиқоли барқ (сутунҳо ва ноқили ABC мутобиқи меъёрҳо), бо назардошти меҳнат: 8000 доллари ИМА барои ҳар км

Трансформатори хурдтарини 6кВ/0,4кВ бо насб: 3000 доллари ИМА

Хароҷоти хизматрасонӣ: 50 доллари ИМА /сол барои таъмири насос ва трансформатор

Муҳлати хизмат: Насос 5 сол, хатҳои интиқоли барқ ва трансформатор 20 сол



Ҳангоми таъсиси истгоҳи нави обкашии пайваст ба шабакаи барқ, арзиши худи насос аксаран нисбат ба арзиши расонидани барқ ба қитъа ночиз мебошад.

Ин ҳолат дар нақшаи боло равшан дида мешавад. Новобаста аз тарофа, хароҷоти умумӣ дар тӯли муҳлати истифода пеш аз ҳама ба сармоягузории ибтидоӣ вобаста аст.

Ҳарчанд арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон дар даҳсолаи оянда эҳтимолан ба таври назаррас зиёд мешавад, он ҳамоно аз хароҷоти истифодаи насоси дизелӣ хеле пасттар мебошад.

Муқоисаи иқтисодӣ

Ҳисобҳои хароҷот, ки қаблан пешниҳод шуданд, имкон медиҳанд, ки се интихоби обкашӣ бо ҳам муқоиса шаванд.

Ин муқоиса на танҳо барои қитъаи намунавӣ, балки ба таври умум барои дигар мавзеъҳо бо шароити гуногуни ибтидоӣ низ қобили татбиқ мебошад.

Пеш аз ҳама мо насоси офтобиро бо насоси дизелӣ муқоиса менамоем.

Ин ду интихоб барои заминҳои кишоварзие мебошанд, ки аз манбаъҳои таъминоти барқ дуранд ва бинобар ин сохтмони хатҳои интиқоли барқ аз лиҳози иқтисодӣ хеле гарон меафтад.

Барои қитъаи намунавии мо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ чунин мебошанд:


Ҳарчанд сармоягузории ибтидоӣ барои насоси дизелӣ ҳамагӣ тақрибан 30% арзиши насоси офтобиро бо ҳамон иқтидори шабонарӯзӣ ташкил медиҳад, хароҷоти солонаи истифода дар ҳаҷми 1600 доллар боиси афзоиши мунтазами хароҷоти умумӣ мегардад. Баръакс, низоми офтобӣ сармоягузории якдафъаинаро талаб намуда, дар солҳои минбаъда хароҷоти кам дорад.

Агар зироат имкон диҳад, ки обёрӣ мустақиман дар давоми рӯз анҷом шавад, насоси офтобӣ (бе захираи об) аллакай дар соли дуюми истифода хароҷоти худро ҷуброн мекунад!

Ҳатто агар сохтмони макони захираи об лозим бошад, нуктаи баробарӣ нисбат ба насоси дизелӣ дар оғози соли чорум ба даст меояд.

Аз он пас деҳқон ҳар сол маблағи зиёдро сарфа менамояд, зеро ба ҷои хароҷот барои сӯзишвории дизелӣ аз неруи офтоб истифода мебарад.

Масалан, баъд аз 10 сол сарфа барои насоси офтобӣ бо захирагоҳи об 12000 доллар ва бе захирагоҳи об 16500 долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар ин давра партоби 40 тонна CO2e газҳои гулхонаӣ коҳиш дода мешавад.


Ягона омиле, ки метавонад истифодаи насоси дизелиро нисбат ба насоси офтобӣ афзалтар гардонад, мавсими хеле кӯтоҳи обёрӣ мебошад.

Масалан, агар норасоии об танҳо як моҳ давом кунад ва дар қисми боқимондаи мавсим об кофӣ бошад, муҳлати ҷуброни сармоягузории низоми офтобӣ ба таври назаррас дароз мешавад — махсусан агар захирагоҳи обро ҳам илова кунем.

Аммо, дар ҳамаи ҳолатҳои дигар, аз нигоҳи иқтисодӣ ва устуворӣ, насосҳои офтобӣ ба маротиб бартарӣ доранд.


Аммо насоси офтобӣ дар муқоиса бо таъминоти барқ аз шабака чӣ гуна аст? Диаграммаи зер хароҷоти умумиро дар тӯли муҳлати истифода (сармоягузорӣ ва истифода, аз ҷумла хизматрасонӣ ва таъмир) нишон медиҳад.

Мо боз ҳам насосҳои офтобиро алоҳида — бо захирагоҳи об ва бе он — баррасӣ менамоем, то талаботи гуногуни зироатҳоро ба назар гирем.

Ҳангоми муқоиса бо неруи арзони барқ маълум мегардад, ки сарфа асосан аз ҳисоби кам будани сармоягузории ибтидоӣ ва танҳо каме аз ҳисоби коҳиши хароҷоти истифода ба даст меояд.

Хароҷоти солонаи неруи барқ он қадар баланд нест, ки ҷуброни зудтари низоми офтобиро таъмин намояд.

Аммо низоми офтобӣ аксаран аз лиҳози сармоягузории аввалия хеле арзонтар мебошад, зеро сохтмони хати интиқоли барқ, нуқтаи пайвастшавӣ ба шабака ё зеристгоҳи трансформаториро талаб намекунад.


Истгоҳи обкашии офтобӣ (бе резервуар) дар ҳар қитъае, ки зиёда аз 200м аз нуқтаи муносиби пайвастшавӣ ба шабакаи барқ дур бошад (ва ҳамчунин дар ҳама ҳолатҳое, ки трансформатор лозим мегардад), аллакай аз лиҳози иқтисодӣ судовар мебошад.

Агар масофа 500м (бо трансформатор) ё 800м (бе трансформатор) бошад, пас низомҳои обкашии фотоэлектрикӣ (насосҳои офтобии PV) бо захирагоҳи об нисбат ба насоси барқӣ беҳтаранд.

Ин арзишҳои миёна барои насосҳои хурдтар камтар ва барои насосҳои калонтар зиёдтар мешаванд, аммо метавонанд ҳамчун қоидаи умумӣ истифода шаванд.


Хулосаҳои асосӣ

  1. Обкашии офтобӣ дар муқоиса бо истифодаи насоси дизелӣ барои обёрии мавсимӣ 4-10 баробар хароҷоти умумии камтар дорад.
  2. Нуктаи баробарӣ аллакай дар давоми 2 сол ҳангоми обкашии мустақим ва дар 4-5 сол ҳангоми зарурати сохтмони захирагоҳи об ба даст меояд.
  3. Обкашии офтобӣ барои қитъаҳое, ки барои гирифтани неруи барқ сохтмони хати интиқоли барқро талаб мекунанд, сармоягузории камтарро талаб менамояд.
  4. Ҳар қадаре ки хат дарозтар бошад, ҳамон қадар бештар сарфа мешавад.
  5. Судоварӣ аз 200м оғоз мегардад ё дар ҳама ҳолатҳое, ки трансформатор лозим аст — ва тақрибан 500м бештар, агар захирагоҳи об лозим бошад.
  6. Барои қитъаҳое, ки дар масофаи 1км аз шабака ҷойгиранд, низоми офтобӣ 2-3 маротиба арзонтар мебошад!
  7. Бо назардошти арзонии неруи барқ дар Тоҷикистон, истифодаи насоси офтобӣ барои обёрӣ дар ҷойҳое, ки барқ мустақиман дар қитъа дастрас аст, судовар нест.
  8. Ягона истисно он истгоҳҳое мебошанд, ки тарофаи тиҷоратӣ пардохт мекунанд — дар чунин ҳолат истифодаи иловагӣ аз неруи офтоб дар дарозмуддат судовар хоҳад буд.
  9. Насосҳои офтобие, ки ба шабакаи барқ пайваст нестанд, дар замини шахсӣ ҷойгиранд, ба ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозатнома ниёз надоранд.
  10. Ҳуҷҷатгузорӣ нисбат ба насби трансформатор ё сохтани хатти интиқоли барқ ба таври назаррас сабуктар аст.
  11. Ҳар қадар мавсими обкашӣ дарозтар бошад, ҳамон қадар манфиатнокӣ бештар мешавад. Насосҳое, ки тамоми сол кор мекунанд, зудтар хароҷоташонро мепӯшонанд.
  12. Аз тарафи дигар, барои давраҳои хеле кӯтоҳи обёрӣ (1–2 моҳ) насосҳои дизелӣ арзонтар мебошанд. Аз давраи 2–3 моҳ бештар, насосҳои офтобӣ беҳтаранд.

Насосҳои офтобӣ танҳо бо нури офтоб кор мекунанд. Барои талаботи обкашии муҳим ва таъхирнопазир зарур аст, ки як резервуар бошад.

Ин хароҷотро зиёд мекунад, аммо самаранокии асосиро тағйир намедиҳад: барои чунин насосҳои офтобӣ (бо резервуар) манфиатнокӣ аз масофаи 700 метр то шабака оғоз меёбад — ё вақте ки насби трансформатор лозим аст.


Низоми обкашии офтобӣ дар Бадахшон


Феҳристи таъмингарон ва тамосҳо барои низоми обкашҳои офтобӣ

Регистрация на бесплатные курсы по зелёным технологиям